⇚ На страницу книги

Читать Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

Шрифт
Интервал

© Шаҳзод Кенҷазода, 2024


ISBN 978-5-0062-8398-5

Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero

Ту барои ман азизӣ!

Ту барои ман азизӣ!
Ту барои ман тамоми дилу ҷонӣ,
ки нафасҳои ман аз будани он мехезад,
Ва забонам, ки фақат номи туро медонад,
Ва ду чашмам, ки туро мебинад,
Ва лабонам, ки зи лабҳои ту як бӯсаи гарм
Ва танам оғӯшат
Ва ду дастам, ки ба зулфи ту зи ночорӣ
                                                             раҳе мехоҳад,
Ту ба ман бо ҳамаи ҳастият
ва ба ин хомушию мастият
Каси даркортарини манӣ, зебои дилам!
Ту барои ман азизӣ!
Ки дигар ҳеч касе, мисли ту бар дил
                                                      натавонад нишаст,
Ва қафас роҳи дигарро ба ҳама хубу баде
                                                                   рост бибаст.
Лаҳзаеро, ки ба ман бахшидӣ,
Дами зебои ҷаҳон буд барои мани девона ҳамон,
Ту зи ман дур мабош,
Ту фақат бо ман мон!
Ту барои ман азизӣ!
Чӣ бигӯям,
Чӣ нагӯям…
Чӣ ки мегӯиву гуфтиву шунудам,
                                           ҳамааш дар ёдам
Ту ки ҳастӣ мани зиндонӣ ҳаме озодам…
Ростӣ
ман зи ҳаётам
Бо ту бошам
шодам!…

«Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо…»

Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо,
Фарқе надорад бар касе, буду набуди мо.
Пас аз ғаме пайдо шавад, андӯҳи тозае,
То оташи дигар занад, бар рӯйи дуди мо.
Ҷуғрофиёи ин замин танг асту бесамар,
Дар назди ҳаҷми ғуссаҳои беҳудуди мо.
Созанда, най навозу бигӯ бар мани асир,
Оё ту дидӣ ранг, ба сақфи кабуди мо?
Аз мо набуду хостем, аз мо шавад яке,
Бо латма мерабояд онро ҳасуди мо.
Кай омадан сиёҳ буд, кай рафтан ончунон,
Оғози марги мост, рафиқам, вуруди мо.

«Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар…»

Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар,
Ва чун осон шавам инкор, надорам бовар.
Дар нигоҳаш ҳама дарде, ки аён аст маро,
Бизанад хандаи саршор, надорам бовар.
Лаҳзаҳо мегузаранду ғами ман дар қафасам,
«Хайр!» гӯяд саду як бор, надорам бовар.
Дили мо хонаи хубест, вале бе дару дом,
Ҳар кӣ ояд, накунад кор, надорам бовар.
Зиндагонӣ ба сари мо чӣ ҷафоҳо дорад?
Ба сукути сари бозор, надорам бовар.
Онкӣ мисли мани ошиқ ҳамагӣ бедор аст,
Дорад аз ман ғами бисёр? Надорам бовар.
Ҳарчӣ гуфтанду бигӯянду нагӯянд, вале
Ман ба дил кандани хуммор, надорам бовар!

«Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас…»

Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас,
Мо намехоҳем бедодиву ҷанги ҳеч кас.
Мо намедонем пиндори бадеро аз азал,
Мо намеронем ҳарф аз ному нанги ҳеч кас.
Мо намегӯем дар ин зиндагӣ чизе бад аст,
Мо намемонем бар тасвиру ранги ҳеч кас.
Мо намеҷӯем айб аз кори ҳар бечорае,
Мо намедорем хас бар чашми танги ҳеч кас.
Мо намехандем бар ҳоли ҳақиқатгуфтагон,
Мо намемирем аз борони санги ҳеч кас.
Мо намесозем аз сар кӯҳҳои бесурур,
Мо намегардем роҳи пойи ланги ҳеч кас.
Мо наметонем оё, пас бигӯедам чаро,
Мо намегирем мулки худ зи чанги ҳеч кас?
Мо намеғунҷем, эй дил, бо ту бар рӯйи замин,
Мо намесӯзем қалби поку шанги ҳеч кас!…

«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»

Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
«Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.