Пешгуфтори китоби якум. Саргузашти зани фарзандгадо, ки суратан афсона асту афсун, лек сиратан достонест ростмазмун
Абдулсайид як дуредгари одӣ буд. Вале ворухиён вайро Устои гулдаст меномиданд. Зеро дару тирезаҳои зебо, сандуқу гаҳвораҳои таърифӣ, хонаю айвонҳои барҳаво месохт. Гову гӯсфанд, бузу хар, аспу мурғи бисёр дошт. Аммо фарзанд надошт. Ҳар замон аз мағзи ҷигар оҳи пурдард кашида, «манам орзуманди якто зағора» мегуфту пайваста дуову ибодат ва хайрот мекард, садақа медод, муроди мискинҳоро мебаровард, дарвешонро менавохт ва аз Офаридгори олам илтиҷо мекард, ки мушкилтарин мушкили ӯро осон гардонаду барояш калу кӯр бошад ҳам, нохуне ато кунад.
Ҳоли ҳамсараш Бимастура аз вай бадтар буд. Дар танҳоӣ гиря мекарду нолаву зора, аз корафтодаҳо маслиҳат мепурсиду аз доноҳо тадбир меҷуст. Ошкору пинҳон сӯхтаю пухта, обу адо мешуд. Аз он ҳайрон буд, ки Парвардгор якеро фарзанди бисёр нохоста медиҳад, аммо хоҳишу нолиши чорсолаи ӯро намешунавад: дар талаби фарзанд пеши сад табиб рафту саду як хел алафу гиёҳ хӯрд, назру ниёз бурду лобаву зорӣ карду хун гирист, лек бефойида – ҳамоно зунг асту гунг – буғуз1 не…
Боре як ҳамсоя ба Бимастура маслиҳат дод, ки пеши холаи Муясарбону равад. Ин кампираки ҷину паридор ва аз сеҳру ҷоду бархӯрдор фол мекушод, мушкилкушо мекарду хобгузорӣ, ҳам табибӣ. Одамонро ба якдигар гарму хунук карда, бо афсун пеши кор мебасту бо сеҳр садди роҳ мекушод, ба фарзандталабҳо хоку оби шифо, ба беморҳо ғизою давои худсохта медод, захми чашмро бо кӯрдуд рафъ карда, пулу чизи гумшударо бо мадади ойина аён месохт. Дар канораи деҳа, сари баландие тани танҳо, бе ягон ҳамсоя зиндагӣ мекард. На шавҳар дошту на фарзанд. Калбузе дошту як ҷуфт мурғ ва сагеву пишаке, ки хеле бамуросо рӯз гузаронда, ҳама фармоиши кампирро бекаму кост иҷро мекарданд.
Кулбаи кампираки дудафкан ҳамагӣ се ток дошт. Дар яке кӯзаи лабшикастаи сафолӣ меистоду дар мобайн – китоби қадима ва хеле фарсудаи «Қуръон» ва дар токчаи канорӣ – ҳайкалчаи аз гаҷ сохташуда. Кампираки сеҳргар ин муҷассамаи занонаро бути Ворух мегуфту ҳазорсола меҳисобид ва ҳар дафъа пеш аз амалкард аввал сари онро сила намуда, баъд китоби муқаддасро мебӯсиду ба дидагонаш мемолид.
Муясарбону аввал як тангаи нуқра рӯёнду ба кӯзачаи лаби ток андохта, баъд аз Бимастура ҳол пурсид. Даррав ҷинчароғ гиронду ойиначаи лабшикастаро аз дуди ғализи равғани зағир сиёҳ карда, ба ҷавонзан фармуд, то онро ба пешониаш совида, пок гардонад. Дар ин асно кампирак зери лаб чанд ҷумлаю ибораи нофаҳмо ба забон оварду бо нигоҳи аҷиб ба ойина нигарист ва қоҳ-қоҳ хандида гуфт:
– Чорсола роҳи рафтаю кори кардаат ҳамааш бефойида будааст! Об-бо…
Ҳамон замон ашк аз чашмони Бимастура шашқатор рехту кампир саросема шуд:
– Даррав зиқ нашав, балом. Дар пешунии ту як духтар ҳаст. Лекин пойин фуромаданаш душвору кай ба дунё умаданаш номаълум. Гап тамум, балом, ман ба ту дигар ёрдам кардан наметунам.
– Кӣ метунад?
– Инашро имрӯз гуфтан наметунам. Пагоҳ биё…
Рӯзи дигар Бимастура чоштгоҳон ба ҳавлии Муясарбону расиду вайро бемадор ва бемор дарёфт.
– Барвақттар умадан натунистӣ?! – беҳол ғур-ғур кард кампир. –Борат ҷудо ҳам вазнин будас, мана аз по ғалтунд. Агар андаки дигар дер меумадӣ, париҳо мекуштанд мана…