⇚ На страницу книги

Читать Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ

Шрифт
Интервал

1. Муқаддима. Маълумот дар бораи фан

Экологияи муҳандисӣ – фанни амалӣ мебошад ва аз худ системаи чораю тадбирҳои аз ҷиҳати илмӣ-техникиии асоснокушударо, ки ба нигоҳ доштани сифати муҳити атроф дар шароити истеҳсолоти афзуда истодаи саноатӣ равона шудааст, дарбар мегирад. Экологияи муҳандисӣ дар байни илмҳои техникӣ, табиӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст.


Дар расми мазкур сохтори иерархии фанни Экологияи муҳандисӣ нишон дода шудааст:


Экология

Экологияи инсон

Экологияи муҳандисӣ

Ҳифзи муҳити атроф

Ҳифзи меҳнат


Расми 1. Мавқеъи фанни экологияи муҳандисӣ


Ҳифзи муҳити атроф – ин системаи чораҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва санитарӣ мебошад, ки истифодабарии оқилонаи захираҳои табииро таъмин менамояд.

Ҳифзи меҳнат – системаи таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии коргарон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ки чораҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ-техникӣ, санитарӣ – гигиенӣ, табобатӣ-профилактикӣ, барқароркунӣ ва дигарро дар бар мегирад.

Экологияи муҳандисӣ – элементи асосӣ барои табдилдиҳии биосфера ба ноосфера мебошад.

Равияҳои принсипиалии ҳифзи экологии муҳандисӣ.

Равияҳои асосӣ – ин ҷори намудани технологияҳои захирасарфаи бе-партов ва кампартов, биотехнология, истифодабарии пасмондаҳо ва аз ҳама муҳимаш экологиякунонии ҳамаи истеҳослот, ки дар он ҳамаи намудҳои таъсири ҳамдигарӣ бо муҳити атроф ба сикли гардиши моддаҳои табиӣ таъмин карда шавад.

Экологикунонӣ гуфта ҷорӣ намудани технологияҳо ё ки ҳалли дигар масъалаҳо, ки истифодабарии самараноктари захираҳои табиатро бе вайрон намудани сифати муҳити атроф имкон медиҳад.

Технологияи бепартов – имконияти истифодабарии пурраи коркарди ашёҳо ва пасмондаҳоро таъмин менамояд.

Технологияи кампартов, минимум партовҳои сахт, моеъ ва газмонанд.

Дуюмбора истифодабарии захираҳои моддиро – ресиркулятсия меноманд.

Обтаъминкунии баргардон, обтаъминкунии сарбаста.

Равандҳои биотехнологӣ дар асоси ҳосили маҳсулоти барои одам зарур, самараҳо бо ёрдами микроорганизмиҳо (коркарди усулҳои биологии тоза кардани обҳои шоранда, истифодабарии партовҳои маишӣ, барқарор намудани микробии заминҳои ифлосшуда ва ғайраҳо).


Оид ба мавзӯъҳои ҳафтаина




Расми 1.1. Интерфейси барномаи Google Earth Desktop

Дарси амалӣ

Истифодабарии барномаи Maps.ME. Насб кардани барнома ба таҷҳизот (смартфон). Имкониятҳои барнома. Сабти нуқтаҳо бо координаҳои он.

Дарси КМРО

Истифодабарии барномаи компютерии Google Earth. Сомонаи барнома – версияи ВЕБ. Истифодабарии барнома дар мониторинги муҳити атроф. Имкониятҳои барнома. Нишон додани донишкада аз барнома (расми 1.1.).

2. Таъсири антропогенӣ ба атмосфера

Маълумотҳои умумӣ оиди атмосфера. Атмосфера аз худ қабати ҳавоии заминро ташкил медиҳад, ки он аз омехтаи газҳои бо массаи умумии 5,15 * 10>15 т мебошад. Вобаста аз тақсимшавии ҳарорати атмосфера онро ба тропсфера, статосфера, мезосфера, термосфера, экзосфера ҷудо менамоянд.

Тақрибан 80 % массаи ҳаво ва қариби ҳамаи буғи обӣ дар тропосфера ҷамъ шудааст, ки ҳудуди болоии он 8-10 км дар қутбҳо ва 16-18 км дар экватор мебошад. Қисми сертаркиби он дар баландии то 2 км, қисми поёнии тропосфера мебошад. Дар сатҳи Замин атмосфера таркиби газии зеринро дорост: 78,1% – нитроген, 20,9 оксиген, 0,9% аргон, 0,03 % дуоксиди карбон, миқдори ками гидроген, гелий, неон ва дигар газҳо. Миқдори буғҳои обӣ аз 3-4% дар тропикҳо ва то 2*10